ХАТЛОН: БА ХОНАВОДАИ АФСАРИ ҶОНФИДО АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ХОНА ТАҚДИМ ГАРДИД
Имрӯз, 7 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, аз аҳволи хонаводаи майор Қурбонов Исматулло, афсари шуҷое, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар ҷон нисор намудааст, хабар гирифтанд.
Раиси вилоят нахуст ба волидайн ва ҳамсари шаҳид изҳори ҳамдардиву таслият намуда, таъкид карданд, ки ҷонфидоии фарзандони содиқи Ватан дар саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлатдории миллӣ сабт мегардад. Сипас, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсари шаҳид калиди хонаи дуҳуҷрадор аз маркази шаҳри Бохтар ва аз номи раиси вилоят кумаки молиявӣ тақдим гардид.
Зимни суҳбат раиси вилояти Хатлон иброз дошт: «Истиқлол, амният ва оромии Тоҷикистон бо ҷонфидоии фарзандони шуҷоу ватандӯст ҳифз мегардад. Қурбонии чунин афсарони далер далели садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ ва муҳаббати беканорашон ба Ватан аст. Номи онҳо ҳамеша дар хотираи миллат боқӣ мемонад ва давлат ғамхории хешро нисбат ба хонаводаҳои шаҳидон ҳаргиз фаромӯш намекунад».
Қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии иҷтимоии хонаводаҳои шаҳидон ва хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша дар маркази сиёсати инсонмеҳвари давлат қарор дода, ҷоннисориҳои онҳоро нишони волотарини ватандӯстӣ ва садоқат ба давлат арзёбӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки шаби 23 декабри соли 2025, тақрибан соати 23:30, се нафар аъзои ташкилоти террористӣ аз қаламрави Афғонистон ба минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ»-и Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ғайриқонунӣ ворид шуданд.
Бо амалӣ гардидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ макони террористон муайян гардида, ҳангоми дастгиркунӣ онҳо ба амри қонунии сарҳадбонони тоҷик итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд ва қасди ҳамла ба дидбонгоҳҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд.
Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ҳар се террорист безарар гардонида шуда, аз ҷойи ҳодиса силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла 3 адад автомати оташфишон, таппончаҳо бо садохомӯшкунак, норинҷакҳо, дурбини шаббин ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид.
Мутаассифона, зимни пешгирии ин амали террористӣ ду нафар хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович қаҳрамонона ба шаҳодат расиданд.
Фидокории фарзандони далери миллат нишони ҳушёрии сиёсӣ, шуҷоат ва омодагии ҳамешагӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти давлату миллат буда, номашон ҳамчун сипарони боэътимоди Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

