ХАТЛОН. ТАЪИНОТИ КАДРӢ
Имрӯз, 7 январ, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баррасӣ шуд.
Бо қарори раиси вилоят ва дар асоси розигии хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2026 Солеҳзода Ашурбой – муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва Раҳмонзода Абдулло – муовини раиси вилояти Хатлон оид ба идеология таъин гардиданд.
Раиси вилоят муовинони навтаъинро ба ин вазифаи ниҳоят пурмасъул табрик намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат талош намоянд.
Муовинони навтаъин зимни баромади худ арзу сипосгузории худро ба Роҳбари давлат барои таъин намудан ба ин мансабҳои баланд баён дошта, ваъда доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва раиси вилоят ҳамеша талош хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

