РАИСИ ВИЛОЯТ БО МЕДАЛИ «БАРОИ САҲМГУЗОРӢ» ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
29 декабр, дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум Давлаталӣ Саид – раиси вилоят барои саҳми арзанда гузоштан дар сохтмону таҷдиди роҳҳо аз ҷониби Неъматзода Фаррух, муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Барои саҳмгузорӣ» қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, раисони ноҳияҳои Қубодиён, Ёвон, Фархор бо медали «Барои саҳмгузорӣ» ва раиси ноҳияи Ҳамадонӣ бо Сипосномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар миқёси вилоят таъмиру азнавсозии роҳҳо дар умум ба масофаи 2588,6 километр ба маблағи умумии 341,4 миллион сомонӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 52,8 миллион сомонӣ зиёд буда, аз он 546 километр таъмири асосӣ, 649,4 километр сангфарш, 1393 километр таъмири ҷорӣ буда, 156 адад пул ва қубурҳо таъмиру азнавсозӣ шудаанд.
Аз ҷумла, бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 539 километр роҳҳо мумфаршм, 596 километр сангфарш ва 65 адад пулу қубурҳо ба маблағи 292,1 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.
Бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли ҷорӣ роҳи автомобилгарди Данғара – Бохтар ба масофаи 68,8 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор санги асос гузошта шуд. Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

