МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДСОЗИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДСОЗИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 29 декабр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Ба ин маросими бошукӯҳ тамоми ғолибони озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин омӯзгорону волидони онҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанги вилоят даъват шуда буданд.

Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз намоиши дастовардҳои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ боздид намуданд.

Қисмати тантанавии ҳамоиш бо сухани шодбошии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ифтитоҳ ёфт. Бо арзи ифтихор қайд гардид, ки инак, 7 сол боз дар Тоҷикистони азизамон бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷараён доранд, ки инқилоби маънавиро дар соҳаи илму маърифат ва фарҳангу ҳунар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба миён овардааст.

Баргузории ин озмунҳои сатҳи баланд, ки ҷиҳати рушди маънавии ҷомеа, дарку фаҳмиши ҷавонону наврасон ва ривоҷи фарҳангу санъати асили тоҷик мусоидат менамояд, дар самти омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дар соҳаи илму фарҳанг заминаҳои созгорро фароҳам месозанд.

– Боиси қаноатмандӣ аст, ки сатҳи баргузории даврҳои гуногуни озмун сол то сол беҳтар гардида, чеҳраҳои нави суханвару сухандон, донишманду соҳибзавқ дарёфт ва муаррифӣ мегарданд, – зикр намуд раиси вилоят.

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати ҳавасмандгардонии иштирокчиёни даврҳои вилоятии озмунҳои зикршуда ба ғолибони озмунҳо ба маблағи 1 миллиону 858 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад, ки нисбат ба соли 2024-ум 285 ҳазору 122 сомонӣ (20%) зиёд мебошад.

Дар асоси қарори раиси вилоят барои баргузор намудани даври вилоятии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 463670 сомонӣ, “Илм – фурӯғи маърифат” 800230 сомонӣ ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 594100 муайян гардидааст. Барои барандагони ҷойи якум 6000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 7200 сомонӣ (барои ду ҷой) ва ҷойҳои сеюм 7200 сомонӣ (барои 3 ҷой) ва омӯзгорон 2400 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст.

Таҷрибаи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” нишон дод, ки он воқеан ин озмун сабқате мебошад, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз осори адибони классик, муосир ва ҷаҳон миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан, ҷавонон мусоидат мекунад.

Зикр гардид, ки соли равон дар даври якуми Озмун 111037 нафар иштирок намуда, 90 нафар беҳтаринҳо аз даври ниҳоӣ 28 ҷойии фтихорӣ, аз ҷумла 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ сифатан нишондоди беҳтарин аст.

Натиҷаҳои хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ низ зиёд гардида, соли равон аз сатҳи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 800 ҷои ифтихорӣ (259 адад зиёд) ва аз олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ 906 медал (460 адад зиёд) ба даст оварданд, ки ин натиҷа нисбат ба солҳои қаблӣ нишондоди баланд аст.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш зикр намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоиди инфрасохтори соҳа тадбирҳои амалӣ андешида, дар соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 146 иншооти соҳаи маориф дорои 1242 адад синфхона барои 31050 ҷойи нишаст дар як баст ва дар ду баст барои 62100 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.

– Аз ҷумла, санаи 25-26 декабри соли равон зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ 18 муассисаҳои таълимӣ бо 13868 ҷои нишаст дар ду баст ва 10 муассисаи томактабӣ барои 1455 кӯдак ба истифода дода шуда, тамоми шароити муосири илмомузӣ ба насли наврас фароҳам оварда шуд. Бо истифода аз фурсати мусоид ба соҳибкорони маҳаллӣ ва мардуми вилоят, ки дар ин кори муҳим ташаббус нишон доданд, миннатдории смимии худро изҳор менамоям.

Гуфта шуд, ки соли равон дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 81776/38524 нафар иштирок намуда, 141 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ки дар натиҷа 20 нафар (14,2%-и иштирокчиён) соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм) гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 4 адад зиёд аст.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” бошад, 103 нафар довталабон иштирок намуда, 18 нафар (17%-и иштирокчиён) соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла – 1 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2 адад (5%) зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 12 декабри соли 2024, таҳти №720, соли 2025 дар қаламрави вилояти Хатлон “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардида буд. Ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.

Дар доираи эълон гардидани соли 2025 “Фарҳанги китобхонӣ” аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ китобхонаҳо дар ҳудуди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъмир ва азнавсозӣ гардиданд.

Раиси вилоят барои таваҷҷуҳи минбаъда ба заҳмату талош ва ҳавасмандии тамоми иштирокчиёни озмун ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, тамоми иштирокчиёни даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро барои сазовор шуданашон ба ҷойҳои ифтихорӣ самимона табрику таҳният гуфтанд.

Ба ҳамаи ҷоизадорон аз номи раиси вилоят Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Дар идома барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ, ки асосан аз ҳунарнамоии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таркиб ёфта буд, манзури аҳли толор гардид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles