ИФТИТОҲИ ТАРАБХОНАИ «СОҲИБҶОН» ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

ИФТИТОҲИ ТАРАБХОНАИ «СОҲИБҶОН» ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Имрӯз, 27 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус тарабхонаи «Соҳибҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинов ҷойгир буда, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Азамат Очилдиев бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд, ки ин иқдом дар беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ нақши муассир мегузорад.

Зимни боздид ба раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки тарабхона мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардида, бо шароити мусоид барои гузаронидани тӯйҳо, ҷашнҳо ва дигар маъракаҳо муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот дорои толорҳои барҳаво, хизматрасонии босифат ва инфрасохтори зарурӣ буда, барои сокинони деҳот имконияти беҳтари баргузории чорабиниҳоро фароҳам меорад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз бунёди чунин иншооти хизматрасонӣ дар деҳоти дурдасти вилоят изҳори хушнудӣ намуда, онро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа ба шумор меравад.

Дар фарҷом раиси вилоят ба соҳибкори маҳаллӣ барои ташаббуси созанда изҳори сипос намуда, ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати ҷалби бештари соҳибкорон ба бунёди иншооти хизматрасонӣ дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles