БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ, КИШТИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ ВА ИШТИРОК ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
Имрӯз, 27 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус дар деҳоти ба номи Талбак Садриддинов бо самаранок истифодабарии замин нашъунамои пиёзи барвақтӣ, сирпиёз ва кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Муҳибулло” шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздид раиси вилоят бо деҳқонону хоҷагидорон мулоқот намуда, фаъолияти онҳоро дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ва саҳмашон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар баланд арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки истифодаи оқилона ва мақсадноки замин яке аз омилҳои асосии зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар вилояти Хатлон маъракаи кишти картошка оғоз гардида, тибқи нақша, дар мавсими навбатӣ дар майдони 8 ҳазор гектар ин маҳсулоти ниёзи аввал шинонда мешавад.
Ҳамчунин, Давлаталӣ Саид дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар деҳоти мазкур иштирок намуда, як қатор ниҳолҳои ороишӣ шинонданд. Зимни суҳбат бо сокинон таъкид карда шуд, ки сабзу хуррамгардонии маҳалли зист вазифаи ҳар яки мо буда, ҳар як шаҳрванд бояд дар ободонии диёри худ саҳмгузор бошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

