ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Имрӯз, 27 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор намуда, бо арзу шикоят ва ҳалу фасл намудани мушкилоти сокинон расидагӣ намуданд.

Дар қабули сайёр 10 нафар шаҳрвандон ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ҷудо кардани замин оид ба таъсиси хоҷагии деҳқонии тутзор, ҷудо кардани замин барои бунёди толори варзишӣ, майдони хурди футбол ва устохона барои таъмири нақлиёт, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони кӯдакистон, расонидани кӯмак дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо итминон изҳор гардид, ки масъалаҳои пешниҳодшуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои ҳалли онҳо кӯшишҳои ҳамаҷониба ба роҳ монда мешаванд.

Инчунин, раиси вилоят бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суҳбат намуда, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, маданияти истифодабарии замин, коркарди маҳсулоти кишварзӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳо барои сайёҳон, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ карданд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles