БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КИШТИ КАРТОШКА ВА ИШТИРОК ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
Имрӯз, 27 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён аз раванди самаранок истифода бурдани замин ва кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии «Абдураҳмони Ҷомӣ», воқеъ дар деҳаи Болошаҳри деҳоти Носири Хусрав, боздид намуданд.
Дар ҷараёни боздид раиси вилоят бо деҳқонону хоҷагидорон мулоқот намуда, фаъолияти онҳоро дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ва саҳмашон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар баланд арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки истифодаи оқилона ва мақсадноки замин яке аз омилҳои асосии зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад.
Раиси вилоят ба масъулин ва деҳқонон таъкид намуданд, ки ҳангоми кишту парвариши зироатҳо, аз ҷумла картошка, қоидаҳои агротехникӣ пурра риоя карда шаванд, то ҳосилнокӣ баланд гардида, сифати маҳсулот беҳтар гардад.
Бояд зикр намуд, ки дар вилояти Хатлон маъракаи кишти картошка оғоз гардида, тибқи нақша, дар мавсими навбатӣ дар майдони 8 ҳазор гектар ин маҳсулоти ниёзи аввал шинонда мешавад.
Ҳамчунин, Давлаталӣ Саид дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар деҳоти мазкур иштирок намуда, як қатор ниҳолҳои ороишӣ шинонданд. Зимни суҳбат бо сокинон таъкид карда шуд, ки сабзу хуррамгардонии маҳалли зист вазифаи ҳар яки мо буда, ҳар як шаҳрванд бояд дар ободонии диёри худ саҳмгузор бошад.
Дар идома раиси вилоят аҳамияти тарбияи фарзандонро дар рӯҳияи зебоипарастӣ, муҳаббат ба табиат ва нигоҳубини муҳити зист муҳим арзёбӣ намуда, сокинонро ба иштироки фаъолона дар чунин ташаббусҳои созанда даъват намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

