ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ХАТЛОНИ ШАҲРИ БОХТАР

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ХАТЛОНИ ШАҲРИ БОХТАР

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар, дар маҳаллаи Хатлон як толори муосири варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор ва раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон иштирок намуданд.

Толори варзишӣ туҳфаи Президенти Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони маҳалла буда, бо маблағи 2,1 миллион сомонӣ бунёд гардидааст ва бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз мебошад. Пас аз ба истифода супоридани ин иншоот, 15 нафар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардиданд.

Гуфта шуд, ки минбаъд сокинони маҳалла, хусусан ҷавонону наврасон, метавонанд дар ин толор ба тамрин машғул шаванд. Барои рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ аз иқдоми ватандӯстона ва шоистаи соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки рушди соҳаи варзиш, ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ ва фароҳам овардани инфрасохтори муосири варзишӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles