БОХТАР: ИФТИТОҲИ НУҚТАИ ФУРӮШИ СӮЗИШВОРӢ, ОШХОНАИ МИЛЛӢ ВА ТАҚДИМИ 7 АДАД ТЕХНИКАҲОИ КОММУНАЛӢ
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар, дар маҳаллаи Ҳаёти Нав нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ошхонаи миллӣ, ки ба пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла моҳии фарел ихтисос ёфтааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти хизматрасонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон иштирок намуданд.
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ошхонаи миллӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои 150 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойҳои кори доимӣ бо маоши хуб фароҳам овардааст. Фаъолияти ин иншоот ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва рушди соҳаи хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иқдоми соҳибкорро дар самти таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати ҷалби сайёҳон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ба сифат ва фарҳанги хизматрасонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Зикр гардид, ки бунёди чунин иншооти хусусӣ бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари идомаи сиёсати созандаи Пешвои миллат дар самти рушди инфрасохтор, дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон дар ҷараёни чорабинӣ 7 адад техникаҳои коммуналӣ ба шаҳри Бохтар аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя карда шуд, ки барои беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, ободонӣ ва хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳр нақши муҳим хоҳанд дошт.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

