ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДОИ «МАРВОРИД» ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази савдои «Марворид» расман мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон иштирок намуда, бо фаъолият ва имкониятҳои Маркази савдо аз наздик шинос шуданд.
Маркази савдои «Марворид» бо мақсади таъмини аҳолӣ бо дастгоҳу масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд гардида, дар он беш аз 1000 номгӯи маҳсулот пешниҳод шудааст. Ин иқдом ба беҳтар гардидани дастрасии сокинон ба лавозимоти зарурии сохтмонӣ мусоидат намуда, талаботи рӯзмарраи шаҳрвандонро қонеъ мегардонад.
Бо ба фаъолият оғоз намудани ин марказ 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки ин нишонаи мусбати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар беҳтар шудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

