БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ БЕТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар, дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзода корхонаи нави истеҳсоли бетон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти саноатӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон иштирок намуданд.
Корхонаи истеҳсоли бетон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» бо маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои таъсиси 20 ҷойи кори доимӣ пешбинӣ шудааст.
Дар корхонаи мазкур 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 3000 сомонӣ ба кор ҷалб гардида, бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шудаанд. Ин иқдом ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва рушди саноати маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки ифтитоҳи чунин корхонаҳо намунаи равшани татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат дар самти рушди босуботи соҳаи саноат, дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсолии кишвар мебошад. Фаъолияти корхона инчунин ба таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва рушди инфрасохтори шаҳр мусоидат хоҳад кард.
Таъкид шуд, ки корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳри Бохтар бо маром идома дошта, сокинону соҳибкорони ватандӯсту ободгар дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи кишвар, ки аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ сарчашма мегирад, азм доранд ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнативу истеҳсолӣ ва анҷоми корҳои бузурги ободонӣ сазовор истиқбол намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

