БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №52 ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №52 ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар деҳаи Кайҳони шаҳраки Гулистон бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуданд.

Бинои иловагӣ барои 700 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардида, бо маблағи 2 миллиону 900 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Иншооти мазкур бо тамоми шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои барҳаво, таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва шароити мусоид барои омӯзгорону хонандагон таъмин мебошад.

Фароҳам гардидани чунин имконият ба ҳалли мушкили норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии мазкур мусоидат намуда, барои фаро гирифтани бештари наврасон ба таҳсил дар фазои мувофиқ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иқдоми ташаббускоронро дар самти рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани инфрасохтори таълимӣ ва таъмини толибилмон бо шароити хуби дарсомӯзӣ иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки корҳои созандагиву ободонӣ дар тамоми ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо маром идома дошта, сол аз сол бо мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар соҳаҳои гуногун барои таъмини рӯзгори шоиставу босаодати сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Таъкид шуд, ки сокинон ва соҳибкорони ватандӯсту ободгари ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи кишвар, ки самараи пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ мебошад, тасмим доранд ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнативу истеҳсолӣ ва анҷоми корҳои бузурги ободонӣ сазовор истиқбол намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles