ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГӢ ВА МАҶЛИСГОҲ ДАР ДЕҲАИ ПАХТАКОРИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳун, дар деҳаи Пахтакори деҳоти Панҷ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои Маркази фарҳангиро ба истифода доданд.

Маркази фарҳангии мазкур дар доираи барномаи байналмилалии CASA -1000 бо мақсади дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар масоҳати 672, 74 метри муррабаъ бо харҷи 3 миллиону 76 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дорои 5 утоқ, толори хониш барои 27 нафар ва толори фарҳангӣ барои 170 ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Иншооти мазкур бо толорҳои барҳаво, таҷҳизоти зарурӣ ва шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ муҷаҳҳаз гардида, барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва рушди фарҳанги китобхонӣ дар байни аҳолӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Фароҳам будани чунин шароит имкон медиҳад, ки сокинони деҳа, бахусус ҷавонон ва хонандагон, ба асарҳои сиёсӣ, бадеӣ ва илмии бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳон дастрасӣ пайдо намуда, сатҳи донишу маърифати худро боз ҳам такмил диҳанд.

Бо ба истифода додани Маркази фарҳангӣ 8 нафар мутахассион ба ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ба истифода додани китобхона ва маҷлисгоҳи нав дар деҳаи Пахтакор ҳамчун қадами муҳими дигар дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияи Ҷайҳун арзёбӣ гардида, ба таҳкими ҳаёти маънавии ҷомеа ва тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles