БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
25.12.2025
https://president.tj/event/news/54361
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан карданд.
Соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 23 ҳазору 284 гектар расонидаанд.
Заҳмати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 декабри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 11 ҳазору 728 тонна картошка, 48 ҳазору 890 тонна ғалладонагӣ, 29 ҳазору 969 тонна меваҷот, 159 ҳазору 677 тонна сабзавот, 3 ҳазору 285 тонна ангур, 168 ҳазору 775 тонна полезӣ, 24 ҳазору 730 тонна шир, 5 ҳазору 255 тонна гӯшт, 23,9 тонна асал, 146,4 тонна моҳӣ ва 4 миллиону 146,9 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили сабзӣ, ҷуворимаккаи дон ва полезиҳо аз кишти такрорӣ идома дорад.
Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании деҳқонони заҳматқарини ноҳия дар самти оқилона истифода бурдани замин аст.
Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумлаи анвои гуногуни нон ва таомҳои тоҷикӣ ҳам дар шакли густурда бозгӯи заҳмати аҳлона аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, самаранок истифода бурдани замин, захираи маҳсулот барои давраи зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор ва шудгори замин дастуру тавсияҳо доданд.

