ИФТИТОҲИ БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

ИФТИТОҲИ БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

25.12.2025

https://president.tj/event/news/54359

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳунро ба истифода доданд.

Ифтитоҳи ин иншоот дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорї ва бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии сохторҳои ҳизбӣ амалӣ гардид.

Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати амалӣ намудани ташаббуси наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки бинои пешинаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, ҳамагӣ аз 3 утоқи корӣ иборат буд ва барои фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам набуд. Бо назардошти афзоиши ҳаҷми фаъолият ва зарурати беҳтар намудани шароити корӣ, тасмим гирифта шуд, ки бинои нав бо талаботи муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд гардад.

Бинои нав аз 6 ҳуҷраи корӣ, китобхона, ҳуҷраи волонтёрон ва маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст иборат буда, дар он барои қабули шаҳрвандон, баргузории чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ва фаъолияти мунтазами ҳизбӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни боздид аз бинои нав, Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки таҳкими фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар маҳал ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ мусоидат менамояд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon #Ҷайҳун #Джайхун #Jaihun

Related Articles