ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 53-И НОҲИЯИ ҶАЙҲУН, 16 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ВА 3 КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
25.12.2025
https://www.president.tj/event/news/54353
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и ноҳияи Ҷайҳун ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмониро мутахассисон ва бинокорони Кооперативи тиҷоратии Беҳбуд бо истифода аз маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои зебои меъморӣ анҷом додаанд, то дар ин боргоҳи илму маърифат кӯдакону наврасон солиёни зиёд бо таълиму тарбияи хушсифат фаро гирифта шаванд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 28 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ, толори фарҳангию варзишӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва хонаҳои методӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон изҳор доштанд, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии умумии кишвар бояд дар мадди аввал на миқдор, балки сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад.
Иттилоъ доданд, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар барои фаро гирифтани наврасону ҷавонон бо донишҳои муосири ба меъёрҳои стандарти байналмиллалӣ ҷавобгӯ, омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технология бунёди як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимии навъи нав дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, шароити таълим фароҳам гардидааст.
Танҳо дар солҳои 2024-2025 дар назди 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷайҳун 91 синфхонаи иловагӣ бо 2 ҳазору 275 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти соҳаи маорифро дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва 3 корхонаи саноатиро дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Панҷ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба истифода додани Муассисаи давлатии томактабии “Маърифат” дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 барои 400 кӯдак, Муассисаи таҳсилоти томактабии “Донояк”, биноҳои нави таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳраки Дӯстӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳоти Панҷ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун бо фарогирии 1440 хонанда, бинои маъмурии маорифи ноҳияи Дӯстӣ, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти Ҷиликӯл, деҳоти Хуррамдиёр ва деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 бо 1280 ҷойи нишаст ва бинои иловагӣ бо 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Ҳамдилони ноҳияи Панҷ, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 бо 1400 ҷойи нишаст ва Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 375 кӯдак дар ноҳияи Қубодиён, бинои иловагии таълимӣ бо 800 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Шаҳритус ва ду бинои иловагии таълимӣ бо 800 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Носири Хусрав аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар маориф аз соҳаҳои афзалиятнок эътироф гардида, сохтмон ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза пайдо менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳама иншооти соҳаи маориф бо шароити хуби таълимӣ ва компютеру синфхонаҳои фаннӣ таъмин карда шудааст.
Дар доираи амалинамоии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Корхонаи истеҳсоли шифер бо 45 ҷойи корӣ, Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Сармояи Дӯстӣ” барои коркарди 10 ҳазор тонна пахта бо 35 ҷойи корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ва Корхонаи коркарди пахта дар Парки технологӣ-инноватсионӣ бо 50 ҷойи корӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулони корхонаҳои саноатӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот ва коркарди пахта таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар оянда доираи фаъолияти корхонаҳоро васеъ ва ҷойҳои кориро зиёд намоянд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon #Ҷайҳун #Джайхун #Jaihun

