ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа намуданд, корҳои ободонию сарсабзгардонии муҳити зист дар вилояти Хатлон вусъати тоза касб намудааст. Ин тадбирҳо ба беҳтар намудани вазъи экологии маҳал, зебо гардонидани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ равона гардидаанд.

Бо ҳамин мақсад имрӯз, 20 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни татбиқи тадбирҳои кабудизоркунӣ, беҳдошти замин ва обёрии заминҳои киштшавандаи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Кӯшониён боздиди корӣ ба амал оварданд.

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Ин иқдоми муҳим бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии маҳал, паст кардани таъсири омилҳои манфии муҳити зист, зебо гардонидани симои ноҳия ва фароҳам овардани муҳити солими зиндагӣ барои аҳолӣ роҳандозӣ шуд.

Дар ҷараёни маърака дар канори роҳҳои автомобилгард, маҳаллаҳо ва қитъаҳои муайяншуда ниҳолони гуногуни дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуданд.

Зикр гардид, ки чунин ташаббусҳо дар ташаккули фарҳанги экологии ҷомеа низ аҳамият дошта, ҳисси зебоипарастии сокинонро меафзояд.

Ҳамзамон, раиси вилоят таъкид карданд, ки нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳо, обёрии саривақтӣ ва иштироки фаъоли аҳолӣ дар корҳои сабзкорӣ омили асосии пойдорӣ ва самарабахшии чунин иқдомҳо ба ҳисоб меравад.

Тибқи иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар мавсими навбатии ниҳолшинонии солҳои 2025–2026 шинонидани 32 ҳазор ниҳоли сояафкану ҳамешасабз, 345 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ ва доимӣ, инчунин майсазоркунӣ дар масоҳати 9 ҳазор метри мураббаъ ба нақша гирифта шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ободонию сарсабгардонии мамлакат шаҳодат медиҳанд.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия беш аз 7 ҳазор ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва 15 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки барои боз ҳам зебо гардидани симои ноҳия, беҳтар шудани муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles