БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ ТОЗАКУНИИ КАНАЛУ ЗАҲБУР ВА ЗАҲКАШҲО ДАР НОҲИЯҲОИ ВАХШ ВА КӮШОНИЁН

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ ТОЗАКУНИИ КАНАЛУ ЗАҲБУР ВА ЗАҲКАШҲО ДАР НОҲИЯҲОИ ВАХШ ВА КӮШОНИЁН

Имрӯз, 20 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён бо ҷараёни корҳои тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо шинос гардиданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки тозакунии саривақтӣ ва босифати иншооти обёрӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини обрасонии устувор, беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, корҳои тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо бо ҷалби техника ва қувваи корӣ ҷараён дошта, ба беҳтар гардидани ҳолати заминҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба фаъолияти масъулин дар самти нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки шабакаҳои обёрӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки тозакунии саривақтии онҳо кафили таъминоти босифати обёрӣ ва пешгирии шӯршавӣ, ботлоқшавӣ ва коҳиш ёфтани ҳосилнокии заминҳо мебошад.

Ҳамзамон, раиси вилоят ба роҳбарони сохторҳои марбута ва масъулини маҳаллӣ ҷиҳати тезонидани корҳои тозакунӣ, истифодаи самараноки техника, риояи талаботи техникӣ ва анҷоми босифати корҳо дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Қайд гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати чунин тадбирҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles