ЭЪЛОН!
Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон расонида мешавад, ки Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум рӯзи 29 декабри соли 2025, соати 09:00 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:
- Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2025;
- Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2024 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2026;
- Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2026;
- Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон

