МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ
Имрӯз, 18 декабр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид сармоягузорони Ҷумҳурии Халқии Хитой мулоқот намуданд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
– Мо, ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонам, – афзуд раиси вилоят.
Зимни мулоқот сармоягузорони Чин зикр намуданд, ки метавонад дар вилоят ҷиҳати таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву шамолӣ мусоидат намоянд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз пешниҳоди таъсиси нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

