РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БО РАВАНДИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ШИНОС ШУДАНД
Имрӯз, 11 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Ҷайҳун бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар ин минтақа аз наздик ошно шуданд. Зимни боздид аз заминҳои кишт раиси вилоят аз вазъи нашъунамои пиёз, ҷамъоварии сабзӣ ва яхобмонӣ огоҳ шуданд.
Дар вилояти Хатлон маъракаи кишти пиёз ва картошка аллакай оғоз ёфтааст. Тибқи нақшаҳои пешбинигардида, дар давраи муқарраршуда бояд дар майдони 9 ҳазор гектар пиёз ва дар 8 ҳазор гектар картошка кишт карда шавад.
Раиси вилоят аз ҷараёни нашъунамои кишти пиёзи барвақтӣ дар майдонҳои хоҷагии деҳқонии фермерии “Шаҳноза” дидан намуданд.
Тибқи иттилои масъулон, имсол дар ноҳияи Ҷайҳун бояд дар майдони 2100 гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузаронида шавад, ки то имрӯз дар 1500 гектари он кишт анҷом ёфта, дар боқимонда заминҳо кишти пиёзи навъҳои маҳаллӣ ва испанӣ рафта истодааст. Айни ҳол нашъунамои пиёзе ки моҳи сентябр кишт шудааст, хуб ва қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон раиси вилоят бо ҷараёни яхобмонӣ, ғизодиҳӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, корҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки заминро дар як қатор хоҷагиҳо шинос шуданд.
Бояд қайд намуд,ки ноҳияи Ҷайҳун яке аз минтақаҳои муҳимми кишоварзии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, тайи солҳои охир дар истеҳсоли сабзавот пешсаф мебошад. Танҳо дар мавсими ҷорӣ дар ноҳия зиёда аз 67 ҳазор тонна сабзӣ ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои дохилу хориҷ содирот карда шудааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид андешаҳо ва тавсияҳои худро дар бораи баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи самараноки замин ва риояи меъёрҳои агротехникӣ ба масъулони соҳа ироа намуда, таъкид карданд, ки иҷрои босифати корҳои кишоварзӣ барои таъмин кардани талаботи бозор ва дастгирии иқтисодиёти минтақа аҳамияти ҷиддӣ дорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

