Имрӯз, 11 декабр, дар деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант маросими моҳичасардиҳӣ дар обанбори Сарбанд баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуданд.
Дар доираи иқдомҳои рушди соҳаи моҳипарварӣ танҳо ба обанбори Сарбанд 300 ҳазор моҳича сар дода шуд. Ба иттилои масъулон, имрӯз дар дигар обанборҳои вилояти Хатлон низ 1 миллиону 300 ҳазор сар моҳича сар дода шудааст.
Татбиқи чунин тадбирҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат ин иқдомҳоро заминае барои тақвияти амнияти озуқавории кишвар, пешрафти соҳаи сердаромади моҳипарварӣ ва афзоиши даромади иқтисодӣ медонад.
Баъди анҷоми маросими моҳичасардиҳӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба мутахассисон дастуру маслиҳатҳои иловагӣ дода, зарурати рушд бахшидан ба моҳипарварӣ ва саҳм гузоштан дар иқтисоди миллӣ тавассути ин соҳаи муҳимро таъкид намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

