ХАТТИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ДЕҲАИ ФУРӮҒДЕҲ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 11 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон хатти нави оби нӯшокиро дар деҳаи Фурӯғдеҳи деҳоти Ҳилолӣ ба истифода доданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин лоиҳаи муҳим сокинони деҳа аз оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст. Таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба беҳсозии шароити зиндагии аҳолии мамлакат, хусусан дар минтақаҳои дурдаст, барои ҳалли як қатор мушкилоти иҷтимоиву инфрасохторӣ замина фароҳам оварда, иҷрои ин тарҳ низ аз ҳамин сиёсати мардумсолорона маншаъ мегирад.
Хатти оби нӯшокӣ бо дастгирии молиявии лоиҳаи 9421 “Намоиши коркарди ғайриҳароратии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ” амалӣ шудааст. Чуқурии чоҳ 200 метр, шабакаҳои тақсимоти об 1700 метр буда, 129 оила (1031 нафар) ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Сокинони деҳаи Фурӯғдеҳ иқдоми мазкурро ҳамчун нишони ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ яке аз муҳимтарин талаботи рӯзмарраи мардум буд. Ба истифода додани хатти нав на танҳо сатҳи некуаҳволии аҳолиро беҳтар мекунад, балки барои ҳифзи саломатӣ ва рушди устувори деҳа низ аҳамияти калон дорад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сокинон суҳбат намуда, вобаста ба мавзуъҳои сарфаву сарриштакорӣ, корҳои ободониву созандагӣ, таълиму тарбияи фарзанд, расидан ба қадри сулҳу собот суханронӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки таҳкими шабакаҳои обрасонӣ дар ноҳия минбаъд низ идома ёфта, барои беҳтар намудани сифати зиндагии сокинон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

