ОҒОЗИ РАСМИИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, имрӯз, 11 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилоят ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҷараёни оғози ин иқдоми муҳими экологӣ дар деҳаи Даҳанаи деҳоти Ғаллаобод ва шаҳраки Хуррамшаҳри ноҳияи Хуросон баргузор шуд.

Зимни шинонидани ниҳолҳо, раиси вилоят бо сокинону масъулони ноҳия вохӯрда, ба нақши ин ташаббус дар беҳтарсозии муҳити зист, зебоии маҳал ва афзоиши сабзазорҳои минтақа таъкид намуд. Давлаталӣ Саид аз масъулони сохторҳои дахлдор талаб карданд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда зери назорати ҷиддӣ қарор бигирад, то дарахтон ба таври дуруст нашъунамо ёбанд.

– Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст. А ин рӯ, ин иқдом яке аз марҳилаҳои муҳим дар амалӣ намудани ҳадафҳои ҳифзи табиат ва беҳтар намудани фазои экологӣ дар минтақа маҳсуб мешавад, – афзуд раиси вилояти Хатлон.

Иттилоъ дода шуд, ки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва гурӯҳе аз мутахассисону фаъолон дар доираи ин тадбири экологӣ дар канори шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар беш аз 1000 дона ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинониданд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2026 600 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан, ҳамешасабз, мевадфиҳанда ва 9095140 дона гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад.

Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорию созандагӣ, нишолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат бахшида, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles