ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ДӮСТОН” ВА МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУН
Имрӯз, 6 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон дар ҷамоати деҳоти Норин Маркази хизматрасонии “Дӯстон”-ро расман ба истифода доданд.
Ифтитоҳи иншооти мазкур яке аз қадамҳои муҳим дар самти густариши хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таҳким бахшидани имкониятҳои шуғли аҳолии маҳаллӣ арзёбӣ мешавад.
Маркази хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум утоқҳои қабули мизоҷон ҷойгир буда, барои пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба аҳолии маҳаллӣ фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи дуюм бошад, аз толори барҳаво иборат аст, ки барои баргузории тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдом ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат карда, имконияти нав барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам меорад.
Бо ба истифода додани маркази мазкур 34 ҷойи кори доимӣ барои сокинони маҳаллӣ таъсис ёфт, ки ин ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ саҳм мегузорад.
Дар ин ҷо барои як гурӯҳ собиқадорони касбу кори гуногун зиёфат ороста, раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо онҳо мулоқот карданд ва туҳфаҳо тақдим намуданд.
Зимни мулоқот раиси вилоят таъкид намуданд, ки ба қадри сулҳу суботи комил расида, бояд фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ тарбия намоем.
Ифтитоҳи маркази “Дӯстон” ба рушди инфрасохтори хизматрасонӣ дар ноҳияи Ёвон такони нав бахшида, имкониятҳои нави иҷтимоӣ ва иқтисодиро барои сокинони шаҳраки Ҳаёти Нав фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

