РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ДЕҲАИ ПАХТАКОРИ НОҲИЯИ ЁВОН БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ДЕҲАИ ПАХТАКОРИ НОҲИЯИ ЁВОН БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

Имрӯз, 6 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Норин бинои иловагии таълимиро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ифтитоҳ намуданд.

Бунёди иншооти мазкур қадами муҳим дар самти беҳтарсозии инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муосири таълим барои хонандагони деҳа ба ҳисоб меравад.

Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 синфхона мебошад ва барои қабули 700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ин сохтмон имконият фароҳам меорад, ки мушкилоти камбуди ҷой дар мактаб коҳиш ёфта, раванди таълиму тарбия дар шароити бештар фароҳам ва мутобиқ ба талаботи замона ба роҳ монда шавад.

Иншоот бо саҳми сокинони маҳаллӣ ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ки ин саҳмгузории ҷиддии аҳолӣ дар рушди маориф дар деҳа маҳсуб меёбад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар сари вақт ба истифода супоридани бино саҳми чашмрас гузошта, онро пурра бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин намуданд.

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар МТМУ №56 яке аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти вилояти Хатлон ва сокинони маҳаллӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи дониши насли наврас буда, ба фароҳам овардани шароити беҳтарини таҳсил дар деҳаи Пахтакор мусоидат менамояд. Ин иқдом дар маҷмӯъ ба густариши имкониятҳои таҳсилоти босифат дар ноҳияи Ёвон ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф такони нав мебахшад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сокинон суҳбати самимӣ намуда, иқдоми ташаббускоронро дар рушди соҳаи маориф ва таъмини толибилмон бо шароити хуби дарсомӯзӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Сокинону соҳибкорони ватандӯсту ободгари ноҳоя дар ҳамкорӣ бо масъулини мақомоти маҳаллӣ ва шукргузорӣ аз фазои осоиштаи ватан, ки аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ сарчашма мегирад, азм доранд, ки ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнативу истеҳсолӣ ва анҷоми корҳои бузурги ободонӣ арзанда истиқбол намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles