ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИ БАҲОРИ НОҲИЯИ ЁВОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИ БАҲОРИ НОҲИЯИ ЁВОН

Имрӯз, 6 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Норин бинои иловагии таълимиро дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 ба истифода доданд.

Иншооти нав ҳамчун иқдоми муҳим дар самти беҳтар намудани шароити таълим дар деҳа бунёд гардида, имконият фароҳам меорад, ки хонандагон дар муҳити муосир ва шароити беҳтар таҳсил намоянд.

Бинои иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 9 синфхона мебошад. Он барои қабули 500 хонанда дар ду баст тарҳрезӣ шуда, ҷавобгӯи талаботи замонавии муассисаҳои таълимӣ аст. Бо ифтитоҳи ин бино мушкили камбуди ҷойҳои нишаст дар мактаб коҳиш меёбад ва раванди таълиму тарбия бо сатҳи баландтар ба роҳ монда мешавад.

Ин иншоот бо саҳми сокинони маҳаллӣ ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Барои пурра ба истифода додани он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия саҳми намоён гузошта, бино бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Ифтитоҳи чунин иншооти иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ба соҳаи маориф ва беҳсозии шароити таҳсил дар минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи таълим ва фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзишӣ барои хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо омӯзгорону хонандагон таъкид намуданд, ки барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва баланд бардоштани обрӯву эътибори Ватан ҳамеша саъю кӯшиш намоянд.

Раиси вилоят саҳми сокинонро дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ баланд арзёбӣ намуда, иқдоми мазкурро намунаии олии ватандӯстӣ маънидод карданд.

Ҳамин гуна раванди босуботи корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳама ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон бомаром идома дошта, сол аз сол бо мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо иншооти самту соҳаҳои гуногун барои таъмини рӯзгори шоиставу босаодати сокинон заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles