АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ ҚУРБОН МИРЗОАЛИЕВ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 25 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Восеъ собиқадори меҳнат Қурбон Мирзоалиевро дар Рӯзи Парчами давлатӣ аёдат намуданд.
Зимни мулоқот бо ин шахси соҳиби эҳтиром суҳбати самимӣ сурат гирифт. Раиси вилоят ба Мирзоалиев тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим карда, аз хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди хоҷагии халқ, фаъолияти созанда ва саҳмаш дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ёдовар шуданд.
Қурбон Мирзоалиев ҳамчун шахси заҳматдӯст ва соҳибтаҷриба дар солҳои тӯлонӣ дар рушду ободонии маҳал нақши муҳим гузоштааст. Аёдати собиқадорон ва қадрдонии заҳмати онҳо яке аз самтҳои муҳимми дастгирии иҷтимоӣ дар вилоят ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят иброз доштанд, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнат зери таваҷҷӯҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дорад.
Қурбон Мирзоалиев — арбоби сиёсии тоҷик, вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон (1990–1995) ва вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон (1995–2010).
20 январи соли 1942 дар қишлоқи Оқбулоқи райони Совети РСС Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Хатмкардаи факултаи агрономии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (1968).
– агроном, сарагрономи колхози ба номи Ленин;
– раиси комиҷроияи Совети кишлоқи Арал;
– раиси колхозҳои «Коммунизм» ва ба номи М. Маҳмадалиев;
– раиси колхози ба номи Жданови райони Кӯлоб;
– раиси комиҷроияи райони Ховалинг;
– аз март то августи соли 1992 раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб.
Аз соли 2000 то соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Узви Кумитаи иқтисод, буҷет, молия ва андоз.
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

