ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 25 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маҳаллаи Ҳ.Неъматови шаҳри Кӯлоб майдончаи варзишӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳ раиси вилоят таъкид намуд, ки бунёди майдончаҳои варзишӣ барои тарбия ва рушди саломатии ҷавонон аҳамияти калон дорад ва дар оянда низ чунин лоиҳаҳо барои афзун намудани имкониятҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо суръат идома меёбанд.

Корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз гардида, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо арзиши 285 ҳазор сомонӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст.

Сокинон ва наврасон бунёди майдончаи нави варзиширо бо хушнудӣ истиқбол карда, барои тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим омодагии худро ба истифодаи он изҳор намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи иншоот аз иқдоми шоистаи соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки таҳкими тарзи ҳаёти солим, фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарон ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Раиси вилоят ба наврасон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles