ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони гиромӣ!

Бо камоли ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ мардуми сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадонашон бахту иқбол ва ба Ватани азизамон амнияту осоиш орзу менамоям.

Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ барои ҳар як фарди Тоҷикистон муқаддас буда, таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддуни моро инъикос мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд: “Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддас ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд”.

Парчами давлатии Тоҷикистон решаҳои амиқи фарҳангӣ ва таърихӣ дошта, тарҳи он аз се ранги уфуқӣ: сурх, сафед ва сабз иборат аст ва ҳар яке дорои маънои рамзӣ мебошад. Ранги сурх рамзи шуҷоат, ҷасорат, ваҳдати миллӣ ва муборизаи таърихии халқ барои озодӣ, ранги сафед сулҳ, покизагӣ, адолат ва арзишҳои инсонпарваронаи миллат ва ранги сабз нишонаи табиат, зиндагӣ, зироаткорӣ ва меҳнати созандаи мардуми тоҷик аст.

Пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи давлатдории тоҷиконро дошта, достони «Коваи оҳангар»-и Ҳаким Фирдавсӣ оғози парчамдорӣ дар дунёст ва дар осори гузаштаи дури тоҷикон аз арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ, аз рангҳои дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст.

Иқдоми ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ҳадяи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар хонадон падидаи нави дурахшон дар ҳаёти маънавии сокинони мамлакат аст, ки ҳамто надорад. Ин иқдоми шоиста идомаи иқдомҳои дурбинонаи Сарвари давлатамон аст, ки на танҳо ба тарбияи ватандӯстона ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносии мардум, балки ба боло бурдани сатҳи маънавӣ ва ҷаҳоншиносии сокинони мамлакат нигаронида шудааст.

Мо шоҳиди он будем, ки дар Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаҳзаҳои арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ бо як эҳсосоти фарогир сурат гирифт. Сарвари ба ҷони миллат сарсупурда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар лаҳзаҳоҳои ҳассосу сарнавиштсоз тақдири ояндаи давлатдориро ба уҳда гирифтанд, ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон дар назди вакилони мардумӣ аз ғояти садоқату вафодорӣ ба арзишҳои миллию давлатӣ Парчами давлатиро бӯсиданд.

Соли 2009, бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонон табдил гардидааст.

Дар партави ин иқдом, имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ майдонҳои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла пояҳои Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд гардида, ливои озодию истиқлол парафшон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар паҳлуи парчамҳои давлатҳои ҷаҳон дар майдонҳои байналмилалӣ парафшон мешавад, ки ин мавқеи сазовор аз эътироф ва ҷойгоҳу эътибори устувори кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дунявӣ башорат медиҳад.

Дар ҳамин зимн, ҳамасола ҷавонону варзишгарони вилояти Хатлон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ музаффарият ба даст оварда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд.

Ин ифтихор моро водор месозад, ки барои ободии Ватан, рушду пешрафти иқтисод ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум сарҷамъона меҳнат намуда, дар пайравӣ бо иқдомҳои созандагию бунёдкории Пешвои миллат дар ободонии ватани азизамон саҳми муносиб гузорем.

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар зери Парчами давлатӣ муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон ҳамеша саъю кӯшиш кунем, зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз намоем.

Махсус таъкид кардан бамаврид аст, ки рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир, аз ҷумла воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд, барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам оварда, ба амнияти давлатҳо таҳдид менамоянд.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки ба масъалаи суботу амнияти Тоҷикистони азиз ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва манфиатҳои миллии худро ҳамеша ҳифз намуда, дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми вилоят, аз ҷумла аҳли заҳмат ва фаъолон бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоиро таъмин менамоянд.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

 

Related Articles