БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ҶСП «ҶУНТАЙ ХАТЛОН СИН СИЛУ»
Имрӯз, 22 ноябр, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ аз фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу» дидан карданд.
Ин корхонаи бузурги саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳи технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир ба ҳисоб рафта, бо дастгирии сармоягузорон ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст.
Корхона соли 2015 ба фаъолият оғоз намуда, бо муҳандисӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи коркарди пахта, ки аз ширкатҳои бонуфузи чинӣ ворид шудаанд, муҷаҳҳаз мебошад. Дар соли 2025 корхона беш аз 20200 тонна пахта қабул карда, қариб 16 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол намудааст.
Дар ҶСП «Ҷунтай Хатлон Син Силу» барои 360 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ ва барои 1200 нафар ҷойи кори муваққатӣ фароҳам оварда шудааст. Корхона инчунин зиёда аз 4000 гектар заминро самаранок истифода мебарад ва яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони нахи пахта дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Ин корхона дар деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ҷойгир буда, нақши муҳим дар рушди саноати коркарди пахта ва таъмини шуғли аҳолии минтақаро дорад.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода саҳми роҳбарияти ҷамъиятро дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида муассир арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти бештари ин раванд ба масъулони сохторҳои вилоятӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.
Таъкид гардид, ки айни ҳол дар саҳро ҳосил фаровон буда, ба масъулини ноҳия, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот дастур дода шуд, ки то кураки охирин ҳосили дар саҳробударо ҷамъоварӣ намоянд. Ба масъулини корхонаи коркарди пахтаи дастур дода шуд, ки саривақт ва беталаф пахтаи истеҳсолнамудаи хоҷагидоронро қабул ва харидорӣ намоянд ва барои ҳавасманд намудани хоҷагидорон шароити муосидро фароҳам оваранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

