ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ВА КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ДЕҲАИ СУНБУЛАИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ВА КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ДЕҲАИ СУНБУЛАИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Имрӯз, 22 ноябр, дар деҳаи Сунбулаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ду иншооти муҳими иҷтимоӣ — бунгоҳи саломатӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.

Ифтитоҳи иншооти мазкур ба беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ барои сокинон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат карда, қадами муҳим дар рушди деҳа ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Бунгоҳи саломатӣ барои таъмини кӯмаки аввалияи тиббӣ, хизматрасониҳои профилактикӣ ва қабули сокинон бо шароити муосир ташкил шудааст. Дар баробари ин, ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи дӯзандагӣ барои занону духтарони деҳа имкони шуғли доимӣ ва даромади устувор фароҳам меорад.

Ифтитоҳи чунин иншооти иҷтимоӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ идомаи чорабиниҳо ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа таъсири мусбат мерасонад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва сокинон суҳбат намуда, онҳоро ба корҳои созандагиву ободонӣ ва хизматрасонии босифати тиббӣ ба мардум ҳидоят намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles