ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ШУЪБАҲОИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ВА ҚАБУЛИ БЕМОРОН ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Имрӯз, 22 ноябр, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои нави шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ ва қабули беморон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба истифода супорида шуд.
Бинои қаблии шуъбаи қабул ва ёрии таъҷилӣ соли 1954 бунёд шуда, то имрӯз ба аҳолӣ хизмат менамуд. Аз сабаби куҳнаву фарсуда гаштани он ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи муосир, ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманди ноҳия дар паҳлӯи бинои пешин иншооти нави замонавӣ бунёд гардид.
Бинои нав дар масоҳати 31 ба 12 метр (372 м²) қомат афрохта, пурра мутобиқ ба меъёрҳои меъморӣ сохта шудааст. Он аз 12 ҳуҷра, як даромадгоҳ ва ду баромадгоҳ иборат мебошад. Дар бино ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, табиби ҷарроҳ, амрози даруна, сӯзандору, ҷарроҳатбандӣ, эҳё, утоқи мудири шуъба, сарпарастор, утоқи табибон, ҳуҷраи кӯдакон, ташхиси ултрасадо (УЗИ), сабти барқи дил (ЭКГ), инчунин ҳамом ҷой дода шудаанд.
Бо ташаббуси роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳия ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин маблағгузории суратҳисоби махсуси беморхона, ҳуҷраҳои бинои нав бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба маблағи 1 миллион сомонӣ пурра таъмин гардонида шудаанд.
Барои зебоии гирду атрофи бино, саҳни он сафолакпӯш гардида, дарахтони ороишӣ, гулу буттаҳо шинонида шудаанд. Равшаннамоии замонавии атрофи иншоот бо лампаҳои ороишӣ шабона ба бино ҳусни бештар мебахшад.
Ифтитоҳи иншооти нав қадами муҳим дар беҳтарсозии хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сатҳу сифати кумаки тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншооти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Сарвазири мамлакат бо кормандони беморхона суҳбати самимӣ намуда, ба масъулон дастур доданд, ки ба масъалаи омодагии кадрҳои баландихтисос, сатҳи хизматрасонӣ ва истифодаи дурусти таҷҳизоти муосир диққати махсус диҳанд.
Хадамоти мабуоти раиси вилояти Хатлон

