ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ СЕОШЁНА ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Имрӯз, 22 ноябр, дар шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маркази хизматрасонии замонавии сеошёна (ҳаммом) барои 10 ҷойи корӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба истифода дода шуд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкор Ҳасанов Ҷамолиддин ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кӯчаи Сомониёни маркази ноҳия бунёд гардида, дар масоҳати 20 ба 13 метр қомат афрохтааст. Арзиши умумии сохтмон 1,4 миллион сомониро ташкил дода, бино бо тарҳи муосир ва тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар ошёнаи якум кассаи қабули мизоҷон, як ҳуҷраи умумӣ, се ҳуҷраи алоҳида, ду ҳавз (басейн), чор ҳуҷраи буғӣ, ду ҳоҷатхона ва чор печи аловӣ ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи дуюм низ ҳуҷраҳои умумӣ ва алоҳида, ҳуҷраҳои буғӣ, ду ҳоҷатхона ва чор печи аловӣ мавҷуд аст.
Ошёнаи сеюм барои хизматрасониҳои дармонбахш, аз ҷумла ҳиҷома, маҳс ва дигар намудҳои табобатӣ омода гардида, инчунин бо ду обанбори 10-тоннагӣ бо низоми тақсимоти об таҷҳизонида шудааст.
Саҳни умумии 400 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, аз тарафи роҳгузар 29 метр панҷарабандӣ ва гирду атрофи бино сабзкорӣ шудааст. Дар қафои иншоот трансформатори алоҳида барои таъминоти устувори барқ ва чор қубури обпартои септикӣ насб гардидааст.
Бо ба истифода додани ин маркази хизматрасонӣ 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суҳбат таъкид доштанд, ки имрӯз саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди иншооти гуногун ва раванди корҳои ободонӣ назаррас мебошад.
Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ба соҳибкорон сабукиву имтиёзҳои фаррохро фароҳам сохтааст. Натиҷаи дастгирии давлатӣ буд, ки имрӯз соҳибкорони ватанӣ фаъолияти назаррас доранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

