БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҚИСМИ НИЗОМИИ 0306-И КДАМ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҚИСМИ НИЗОМИИ 0306-И КДАМ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

Имрӯз, 15 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо шароити хизматӣ ва омодагии ҷузъу томҳои марзбонӣ аз қисми низомии 0306-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Панҷ, боздид ба амал оварданд.

Нахуст, раиси вилоят сарбозону афсаронро ба муносибати Рӯзи Президент табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва саодати рӯзгор таманно намуданд.

Зимни боздид раиси вилоят аз ҳолати инфрасохтор, шароити хобгоҳ, нуқтаҳои таъмин бо обу барқ, анборҳои маводи ғизоӣ ва дигар иншооти муҳими қисми низомӣ дидан намуда, бо ҳайати шахсӣ мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Раиси вилоят аз сатҳи омодагии хизматии сарҳадбонон, низоми машқу тамрин, маводи техникии дар ихтиёрбуда ва чорабиниҳои таҳкимбахши амнияти марз изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамзамон ба масъулон барои беҳтар намудани баъзе қитъаҳои инфрасохтор ва идомаи чорабиниҳои тарбияву омӯзишӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби раиси вилоят як миқдор маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, картошка, гушт, пиёз ва ғайра ба қисми низомӣ супорида шуд.

Дар анҷом раиси вилоят хизматчиёни низомиро барои иҷрои софдилонаи вазифаи шаҳрвандӣ, ҳифзи осудагии сокинон ва ҳимояи марзҳои давлатӣ ба фаъолият ва зиракии касбӣ даъват намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles