МУЖДАИ ЗАФАР: НОҲИЯИ ПАНҶ НИЗ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
Имрӯз, 15 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Раиси вилоят зимни суханронӣ бо хоҷагидорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.
Кишоварзони ризқофарини ноҳияи Панҷ бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва софдилона заҳмат намуда, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида истодаанд.
Ҳидоятҳои самимӣ ва доимии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ки идомаи пайгиронаи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои муаззами миллат мебошад, ба ҷараёни корҳои саҳроӣ таккони ҷиддӣ расонида истодааст.
Кишоварзон ва аҳли заҳмати ноҳияи Панҷ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ, истифодаи қоидаҳои муосири агротехникӣ ва кишти тухмии хушсифату серҳосил кӯшиш намуда, соли равон дар майдони умумии 5483 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ монда буданд.
Дар пахтазори ноҳия ҳосили фаровони пахта рӯёнида шуда, дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳия 13000 тонна муайян гардида, меҳнаткашони ноҳия ба санаи 14 ноябри соли 2025 – 130 17 тонна тиллои сафедро ҷамъоварӣ намуданд, ки 100,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Ин ғолибият зафари кулли сокинони ноҳияи Панҷ ва вилояти овозадори Хатлон мебошад, ки аз фоли неки ояндаи дурахшон башорат медиҳад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 15 шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва Панҷ пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта рӯзи 5 ноябр мужда дода буданд.
Соли ҷорӣ кишоварзони Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 255 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

