МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО АБДЫЛДАЕВ ЭРЛАН

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО АБДЫЛДАЕВ ЭРЛАН

Дар доираи Форуми байналмилалии “Хатлон Инвест – 2025” раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Абдылдаев Эрлан Бекешович, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом доданд.

Раиси вилоят зикр намуданд, ки вақтҳои охир тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон мушоҳида мешавад ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ, инчунин ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ рушд меёбанд.

Зимни муаррифии имкониятҳои васеи сармоягузорию тиҷоратӣ ҳавасмандии вилояти Хатлон ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин фаъолсозии робитаҳои доираҳои соҳибкории ду ҷониб таъкид гардид.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид таваҷҷуҳи Абдылдаев Эрланро ба дурнамою густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту логистика, кишоварзӣ, инчунин бахшҳои молия ва бонкӣ ҷалб намуданд.

Ҷонибҳо зарур шумурданд, ки ҳамаи зарфияту иқтидорҳои мавҷуда бояд барои рушди иқтисоди кишварҳо ва баланд бардоштани некуаҳволии мардумони ду давлат самаранок истифода карда шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles