Дар доираи Форуми байналмилалии “Хатлон Инвест – 2025” раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Кэтрин Смиттон, Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом доданд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон дорои имкониятҳои васеи тиҷоратӣ дар ҳама бахшу соҳаҳоро доро мебошад ва метавон аз ин имкониятҳо бари рушду густариш босамар истифода намуд.
Илова шуд, ки имрӯз 60 дарсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишварро вилояти Хатлон таъмин мекунад.
Таъкид гардид, ки соҳибкорону сармоягузорон аз Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда саҳми муносиб гузоранд. Зеро дар вилояти Хатлон фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, бунёди корхонаҳои муштаррак бо истифода аз таҷрибаҳои пешрафта ва технологияи навтарин ба нафъи ҷонибҳо ҳохоҳад буд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда табодули афкор намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

