МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ФЕДОРОВ СЕРГЕЙ ВА РЫБАС АЛЕКСАНДР
Дар доираи Форуми байналмилалии “Хатлон Инвест – 2025” раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Федотов Сергей Валеревич, муовини Раиси Ҳукумати вилояти Пенза ва Рыбас Александр Леонидович, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом доданд.
Вохӯрӣ бо намояндагони Федератсияи Русия, ки яке аз шарикони стратегии кишвар мебошанд, атрофи бунёди корхонаҳои саноатӣ ва содироти маҳсулоти аз ҷиати экологӣ тоза, ки дар вилояти Хатлон ба истеҳсолу басту банди он таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад, мавзуи меҳварӣ буд.
Шарикони рушд иқдоми ҷонибро хуб ва саривақтӣ донистанд ва изҳори умед карданд, ки равобити тиҷоратӣ дар ин самт ба таври зарурӣ амалӣ хоҳад шуд.
Роҳбарияти вилоят илова намуданд, ки дар вилоят беш аз 400 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ, аз ҷумла дар бахшҳои коркарди пахта ва истеҳсоли нахи баландсифат, масолеҳи сохтмонӣ, саноати хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо фаъолият мекунад, ки метавон ин оморро дар натиҷаи ҳамкориҳои самарабахш афзун намуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

