МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО АЛИРИЗО ҲАҚИҚИЁН
Дар доираи Форуми байналмилалии “Хатлон Инвест – 2025” раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Алиризо Ҳақиқиён, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ бо сафири кишвари ҳамҷавор раиси вилоят вилоят баҳри рушти соҳаҳои саноату кишоварӣ, ҷалби сармоя ва технология, туризм, бунёди инфрасоҳтор дар ҳама бахшу соҳаҳо, ки ба манфиати умум дониста мешавад, табодули назар карданд.
Ҷонибҳо таҳкиму тавсеаи робитаҳои илмиву фарҳангиро муҳим дониста, алоқамандии худро ба роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи арзишҳо ва мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ иброз доштанд.
Табодули андешаҳо, ҳамчунин, атрофи мавзуъҳои гуногуни ҳамкорӣ ҷараён гирифт.
Бо ибрози қаноатмандӣ аз густариши бемайлони робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, бахусус тайи солҳои ахир, ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ин раванди самарабахш минбаъд ҳам идома хоҳад дошт.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

