БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ “АНОР” ДАР ШАҲРИ НОРАКИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 12 ноябр, дар шаҳри Норак Фестивали “Анор” баргузор гардид, ки дар он хоҷагиҳои анорпарвар навъҳои гуногуни анорро пешниҳоди иштирокдорон намуданд.
Дар Фестивал муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест – 2025” иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз намоишгоҳи Фестивали “Анор” зикр намуданд, ки он барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам оварда шудааст.
Дар ин рӯз аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзӣ барои парвариш ва интихоби навъҳои серҳосили ниҳоли анор ба боғпарварон тавсияҳои муфид пешниҳод гардид.
Тибқи омори расмӣ, дар мамлакат 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз ин 1359 гектар боғи ҳосилдеҳ мебошад. То аввали моҳи октябр боғпарварони мамлакат 4917 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.
Дар Тоҷикистон панҷ навъи анор павариш карда мешавад. Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хело ҳам фоиданок аст.
Боғи анори шаҳри Норак дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин, маҳаллаи Дӯстӣ, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.
Тибқи иттилои роҳбар хоҷагӣ Асоев Алишод масоҳати умумии анорбоғи мазкур 174 гектар буда, аз он 124 гектар ниҳол парвариш карда мешавад. Дар як сол 60 тонна анор ҳосил ба даст меоранд.
Ба тавсияи мутахассисон, меваи анор аз қанд, витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Меваҳо то 60 фоиз шарбат доранд. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сухтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

