МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҚИСМЕ АЗ РАИСОНИ НОҲИЯҲОИ ПАХТАКОР ВА РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ ПАХТА
Имрӯз, 10 ноябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо қисме аз раисони ноҳияҳои пахтакор ва роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта ҷаласаи корӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласаи корӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода, муовини раиси вилоят, раисони ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ, Панҷ, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои беталаф ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба содирот, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр намуданд, ки Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи саноатро омили асосии пешрафти иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ, баландшавии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, коҳиш ёфтани камбизоатӣ дар маҳал, дар маҷмуъ рушди соҳаи саноатро стратегияи 4-уми миллӣ арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки дар маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят соҳаи нассоҷӣ яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси вилояти Хатлон оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди он, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта рӯзи 5 ноябр мужда доданд.
Соли ҷорӣ кишоварзони Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 127 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

