ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
Бо эҳсоси ифтихор ва самимияти хоса ҳамаи генералҳо, афсарону сарбозон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик – ҷашни касбии муҳофизони сулҳу субот ва қонуният сидқан табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, барори кор ва шарафи баланд дар хизмати Ватан орзу менамоям.
Мақомоти корҳои дохилӣ тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои муҳими давлатиро дар самти ҳифзи молу мулк ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини тартиботи чамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба сомон мерасонанд. Албатта, роҳи пуршарафи милитсияи точик дар солномаи давлати соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Аз лаҳзаҳои нахустини Истиқлол, махсусан дар солҳои 90-ум, вақте даҳҳо гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва беш аз сад гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша бо амалҳои террористӣ, куштор, ғоратгарӣ ва гаравгонгирӣ вазъро ноором месохтанд, кормандони милитсия ва дигар сохторҳои дахлдор дар сафи пеш истода, бо ҷасорат ва фидокорӣ сохти конститутсиониро ҳифз намуданд. Барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва муҳити осоишта, ки имрӯз мояи ифтихори давлат аст, самари талошҳои ватандӯстона ва ҷонсипориҳои кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии кишвар мебошад.
Давлат ва мардуми тоҷик ҳаргиз фидокориҳои шаҳидони роҳи сулҳу амниятро фаромӯш намекунанд.
Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ гузоштаанд».
Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи Пешвои миллат дар давраи Истиқлол милитсияи миллӣ ба як ниҳоди боэътимод, муосир ва касбӣ табдил ёфт: инфрасохтор таҷдид шуд, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ боло рафт, низоми идоракунӣ ва хизмат ба мардум таҳким ёфт.
Дар вилояти Хатлон мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамаи самтҳо – аз пешгирии ҷинояткорӣ то таъмини амнияти ҷамъиятӣ, аз мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ то муқовимат ба терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ бо масъулияти баланд хизмат мекунанд.
Саҳми собиқадорон дар тарбияи насли ҷавон, интиқоли таҷрибаи бой ва рӯҳи хизмати намунавӣ бузург аст. Аз фурсат истифода бурда ба ҳар яки онҳо барои хизмати арзанда ба Ватан изҳори сипос менамоям.
Итминон дорам, ки ҷавонони сафи милитсия бо пайравӣ суннатҳои неки собиқадорон, обрӯву эътибори милитсияи тоҷикро боз ҳам боло мебардоранд.
Вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳон – низоъҳои сиёсиву динӣ, таҳдидҳои фаромиллӣ ва чолишҳои кибер моро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омодагии касбиро пайваста боло барем.
Ҳар як хизматчии милитсия бояд ба савганди худ содиқ бошад, ахлоқи хизматиро қатъӣ риоя кунад ва ҳамеша хизмат ба халқро шоистатарин меъёр арзёбӣ намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, ҷалби мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва беҳбуди шароити иҷтимоиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.
Дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар самти
– ҷудо кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва манзилҳои хизматӣ барои хизматчиён;
– сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири инфрасохтор, таъмини нозирони минтақавӣ бо бино ва таҷҳизоти техникӣ;
– дастгирии кормандони собиқадор ва хонаводаҳои хизматчиёни дар вақти адои вазифа фавтида;
– таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ корҳои зиёдро амалӣ намуданд.
Имрӯз низ милитсияи тоҷик анъанаи далерӣ, мардонагӣ, сарсупурдагӣ ва садоқат ба Ватанро идома медиҳад: садҳо ҷинояти вазнини хусусияти фаромиллӣ ошкор ва пешгирӣ мегардад, шабакаҳои пинҳонии ҷиноятӣ безарар гардонда мешаванд, амният ва оромии ҷомеа ҳифз мегардад.
Бовар дорам, ки ҳар кадоми онҳо манфиати давлату миллат вa обрӯи касбиро муқаддас шумурда, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният, интизоми хизматӣ ва одоби хизматиро тақвият медиҳед, ба мардум хидмати содиқона мекунед ва ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамояд.
Рӯзи милитсия рӯзи қадрдонӣ аз нафаронест, ки шабу рӯз бо дилу нияти пок ба хотири амнияти мардум бедорхобӣ мекашанд.
Бигузор ин ҷашн барои ҳар як корманди милитсия рӯзи ифтихор, садоқат ва вафо ба Ватан бошад. Ба ҳар яки онҳо саломатӣ, саодати хонаводагӣ, барори кор ва пирӯзии ҳамешагӣ таманно дорам.
Бигузор дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон сулҳу субот пойдор ва рӯҳи адолат ҳамеша зинда бошад!Зинда бод сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз!
Рӯзи милитсия муборак!

