ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ШОДӢ” БАРОИ 15 ҶОЙИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ШОДӢ” БАРОИ 15 ҶОЙИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Имрӯз, 28 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Маркази хизматрасонии “Шодӣ”-ро ба истифода доданд.

Маркази хизматрасонӣ воқеъ дар деҳоти Тоҷдорон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳаитов Фирдавс ба маблағи 2 миллион сомонӣ сохта шуда, барои 15 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Самти фаъолияти марказ дар соҳаи сайёҳӣ (ошхона), маркази савдо барои молҳои ниёзи мардум нигаронида шудааст.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро барои таъмини сокинон ба ҷойи кор шоистаи таҳсин хонда, таъкид намуданд, ки барои ҷалби сайёҳон хизматрасонии босифат анҷом дода шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles