МУЖДА: НОҲИЯИ ШАҲРИТУС НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД

МУЖДА: НОҲИЯИ ШАҲРИТУС НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД

Имрӯз, 28 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

То имрӯз пахтакорони ноҳия беш аз 11 ҳазору 222 тонна «тиллои сафед»-ро ба корхонаҳои коркард супурдаанд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулон ва пахтакорон барои ҷамъоварии босифат ва беталафи пахта изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуданд, ки то ба охир расидани мавсим тамоми ҳосил бояд ҷамъоварӣ гардад ва саҳми ноҳия дар рушди саноатикунонии кишвар бештар шавад.

Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки ба ҳолати 27 октябр 243192 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 96 дарсади дурнамои солона мебошад.

Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 13 шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён ва Шаҳритус пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles