МУЖДА: НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД

МУЖДА: НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН НИЗ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД

Имрӯз, 28 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Қубодиён мужда доданд, ки аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта пурра баромаданд. То имрӯз пахтакорони ноҳия беш аз 15 ҳазор тонна «тиллои сафед»-ро ба корхонаҳои коркард супурдаанд.

Зикр гардид, ки майдони умумии кишти пахта дар ноҳия 7 ҳазору 33 гектар буда, барзгарон тавонистанд дурнамои пешбинишударо пурра иҷро намоянд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулон ва пахтакорон дар ҶСК «Носири Хусрав» барои ҷамъоварии босифат ва беталафи пахта изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуданд, ки то ба охир расидани мавсим тамоми ҳосил бояд ҷамъоварӣ гардад ва саҳми ноҳия дар рушди саноатикунонии кишвар бештар шавад.

Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки ба ҳолати 27 октябр 243192 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 96 дарсади дурнамои солона мебошад.

Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 12 шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён ва Қубодиён пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles