БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОРХОНАИ РАВҒАНИ БОХТАР ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОРХОНАИ РАВҒАНИ БОХТАР ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Имрӯз, 27 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён аз корхонаи равғани Бохтар, ки дар заминаи ҶДММ “Инвест-Котон” бунёд гардидааст, боздид намуданд.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корхона дар як шабонарӯз 4 тонна равғани поки хуштаъм ва ширини коркардшудаи пахтаи навъи якумро истеҳсол менамояд.

Корхона аз сехҳои равғанҷабӣ, ширинкунӣ ва бандубаст иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз давлати Чин ворид гардида, васлу насб карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи равғани Бохтар ашёи хом аз ҶДММ “Инвест-Котон” дастрас гардида, дар ҳаминҷо коркард карда мешавад.

Дар иншооти истеҳсолӣ 40 нафар сокинон дар ду баст бо ҷои кори доимӣ таъмин мебошанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles