КӮШОНИЁН: ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ СОХТМОНИ МАКТАБИ МИЁНА БАРОИ 640 ҶОЙИ НИШАСТ
Имрӯз, 27 октябр, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Хиштсозони ҷамоати деҳоти Заргар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони як муассисаи нави таълимӣ барои 640 нафар ҷои нишаст дар ду баст ва як муассисаи таълимӣ- томактабӣ барои 220 кӯдак оғоз бахшида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони биноҳои нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми мамлакат сохта ба истифода дода мешавад.
Зимни муаррифӣ зикр шуд, ки лоиҳаи иншооти сохташаванда бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза нақшагузорӣ шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти илмомӯзӣ ҷиҳозонида мешавад.
Ҷиҳати босифат ва ба талаботи стантартҳои муоссир сохта ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён дастур ва маслиҳатҳои судманд доданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, 10 ва 11-и ҷамоати деҳоти Заргар 3 Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар марҳилаи аввал 26 Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон сохта мавриди истифода қарор дода мешавад. Тибқи иттилоъ то имрӯз дар назди 5 муассисаи таълимӣ Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон бо таҷҳизоти лозимаи соҳавӣ ба истифода дода шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

