РАИСИ ВИЛОЯТ МАРКАЗИ ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАКОН ДАР НАЗДИ МТМУ №62-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

Имрӯз, 27 октябр, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ғуломсаид Холови ноҳияи Кӯшониён Маркази инкишофи барвақтии кӯдакро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон” ва мамлағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохта шудааст.

Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Заргар ҷойгир буда, аз 6 утоқи корӣ, аз ҷумла 2 синфхона, як хонаи омӯзгорон, анборхона ва дигар ҳуҷараҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бо ба истифода додани Маркази инкишофи барвақтии кӯдак якчанд нафар омӯзгорон бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Иншооти мазкур бо тарҳ ва намои муосир аз ҷониби ҶДММ “Бинои устувор” бунёд гардида, дар он шароити лозимаи дарсомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин дар назди бинои Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон як майдончаи бозии кӯдакона бунёд гардида, дар он арғончак ва суҳбаткадаҳо насб карда шудааст.

Зимни боздид аз иншооти мазкур раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба корҳои онҷомдодашуда баҳои баланд дода, бунёди чунин як муассисаи нави таълимиро идомаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврас маънидод карданд.

Ҳамзамон, ба кӯдакону наврасон аз ҷониби раиси вилоят туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles